Таҷлили солгарди Конститутсияи ҶТ
Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – Имрӯз, 5 ноябр, дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 18 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ботантана баргузор гардид. Вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов иштирокдорони ин чорабиниро бо санаи фархунда муборакбод намуда, перомуни аҳамияти рӯзи Конститутсия, ки дар арафаи 20 — солагии Иҷлосияи 16 – уми таърихии Шӯрои Олии ҶТ қайд карда мешавад, нақл намуд. Сипас Сафаралӣ Наҷмиддинов дар вазъияти ботантана аз номи роҳбарияти Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба шахсони дахлдор барои иштироки фаъолонаашон дар кори Шӯрои роҳбарони мақомоти ваколатдор оид ба танзими бозорҳои қоғазҳои қиматбаҳои назди Кумитаи ҳамгироии АвруОсиё ифтихорномаҳо супурд. Дар ин бора аз Вазорати молияи кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






