Таҷрибаи Туркия дар хоҷагиҳои Шаҳринав
Шаҳринав, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Як гуруҳ мутахассисони соҳаи чорводории ноҳияи Шаҳринав аз сафари Туркия баргаштанд. Ин сафари онҳо бо дастгирии Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Миллали Муттаҳид ва кӯмаки давлати Туркия ҷиҳати шиносоӣ ва таҷрибаомӯзӣ баргузор гардид. Дар машварате, ки дар шаҳри Бурсаи Туркия дар иттиҳодияи давлатии илмию истеҳсолии «Тигем» доир гардид, намояндагон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қирғизистон ва худи Туркия ҳузур доштанд. Тавре ки сарбайтори ноҳияи Шаҳринав Аслиддин Ҳамдамов иброз дошт, дар ин ҷо аз як сар модагов аз 26 то 46 литрӣ шир ҷӯшида мешавад, ки ба ҳисоби миёна ба 37 литр рост меояд. Ҳамаи чорво бо ғизоҳои зарурии хӯроки дурушт, ширадор ва эми серғизо пурра таъминанд. Ба гӯсфандон чунон хӯроки серғизо медиҳанд, ки аз ҳар 100 сар меш ба ҳисоби миёна 140 -160 сарӣ барра гирифта мешавад. А.Ҳамдамов мегӯяд, ки дар ҳақиқат дар ҷумҳурии мо низ таъсиси корхонаи хӯроки омехтаи серғизои чорво ниҳоят зарур аст, зеро 70 фоизи бемориҳои ғайрисироятӣ аз нодуруст додани хӯрок вобаста аст. Яъне, 30 фоиз аз зот ва 70 фоиз аз хӯрокӣ вобаста аст. Мутахассисони тоҷик дар яке аз ноҳияҳои шаҳри Бурса ба фаъолияти пурсамари Ассотсиатсияи чорводорон ошно гардиданд. Ассотсиатсияи мазкур марказҳои таълимотӣ низ дорад ва доимо чорводоронро бо навовариҳо ошно намуда, ҳуқуқҳои онҳоро ҳаматарафа ҳимоя менамояд.








«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






