Тахсиси 600 миллион евро аз Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон

Ноябрь 29, 2012 17:32

Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ хонум Кетрин Эштонро ба ҳузур пазируфт. Дар ин дидор масоили ҳамкории кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар арсаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифт. Мавзӯоте, чун татбиқи босамари ислоҳоти кишоварзӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон аз мавзуъҳои меҳварии ин мулоқот буданд. Кетрин Эштон пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори умум ҳадафи сафари худ ба минтақаро истиқрори муколама, табодули афкору муносибатҳои кишварҳои минтақа бо Иттиҳоди Аврупо, инчунин таъмини амният дар Афғонистон унвон карда, зикр намуд: «Зимни мулоқоти худ бо муҳтарам ҷаноби Президент мо тақдири ояндаи Афғонистонро мавриди муҳокима қарор додем. Бояд бигӯям, ки ҷониби Иттиҳоди Аврупо барои ҳузури худ дар ин кишвар пас аз давраи соли 2014 тасмимҳо дорад. Мо аҳамияти мусоидати фарогир ба Афғонистонро пас аз соли 2014 таъкид намудем”. Ба таъкиди Кетрин Эштон дар ин дидор дар баробари матраҳ гардидани мавзуоти марбут ба соҳаи обу энергктика дар кишвар, инчунин баъзе мушкилоту чолишҳои дар самту арсаҳои мухталиф дар кишварҳои ин минтақа ҷойдошта ёдовар шудааст. Номбурда иброз намуд, ки ҷониби Иттиҳоди Аврупо аз танқисӣ ва эҳтиёҷоти гарони энергетикии Тоҷикистон хуб огоҳ аст ва аз ин рӯ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ин соҳаро ба манфиати кор хонд. Ба ақидаи Кетрин Эштон, ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати рафъи мушкилоти энергетикии худ роҳҳои алтернативии бунёд ё тавлиди энергетикаро бояд пеш гирад. Дар робита ба ин мавсуф таъкид дошт, ки “Дар ин росто ман бо муҳтарам ҷаноби Президент сари он ҳамфикр будем, ки кор ва фаъолияти Бонки Ҷаҳонӣ дар ин арса хеле муҳим мебошад.”Кетрин Эштон аз омодагии Тоҷикистон ҷиҳати пайвастан ба созмони ҷаҳонии савдо изҳори хушнудӣ намуда, Иттиҳоди Аврупоро ҷонибдори роҳандозии ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон унвон кард. Тибқи иттилои намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо Кетрин Эштон аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон дар давоми 20 соли охир ба Тоҷикистон қариб 600 миллион евро тахсис шудааст. Номбурда аз ба тасвиб расидани Созишнома ҷиҳати таъмини низоми самараноки соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон, ки дар ҳаҷми умумии беш аз 16 миллион евро татбиқ гардидаву ба раванди татбиқи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ мусоидат мекунад, изҳори хушнудӣ намуда иттилоъ дод, ки дар баробари баррасии мавзуоти мухталиф дар ин дидор доир ба таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар ва ба ин васила фароҳам овардани фазои хуби сармоягузорӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ноябрь 29, 2012 17:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд