Талабот ба қарзҳои хурд меафзояд
Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова ). – Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар охири моҳи сентябри соли ҷорӣ бақияи умумии қарзҳои дар ҷумҳурӣ додашуда баробари 9,9 фоиз афзуд. Аз ҷумла, 68,4 фоиз, ё 3 миллиарду 500 миллион сомониро қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 31,6 фоиз ё 1 миллиарду 600 миллион сомониро қарзҳои дарозмуддат ташкил медиҳанд.Тавре ки аз маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар давраи ҳисобот фоизҳои миёнаи қарзҳои низоми бонкии ҷумҳурӣ бо ҳисоби асъори миллӣ 20,53 фоиз ва бо ҳисоби асъори хориҷӣ 22,49 фоизи солонаро ташкил доданд. Тайи моҳҳои январ – сентябри соли 2012 ҳаҷми қарзҳои хурд, бинобар афзудани талаботи аҳолӣ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта баробари 26,8 фоиз зиёд шуданд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






