Тасдиқи «Барномаи давлатии қарзгирии ҶТ» аз сўи парлумон
Душанбе, 28 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи се соли оянда барои рушди иқтисодиёти миллии кишвар 1 миллиарду 576 миллион $ -ро дар шакли қарз, сармоя ва грант ҷалб менамояд. Ин нуктаро Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молияи кишвар зимни баррасии лоиҳаи «Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20013-2015», ки имрўз аз сўи парлумони мамлакат тасдиқ гардид, зикр кард. Мавсуф афзуд, ки «Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» бо мақсади баланд бардоштани самаранокии идора ва назорат дар самти ҷалби қарзҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳ надодан ба андўхти назоратнашавандаи қарзҳои берунӣ тарҳрезӣ шудааст. Барномаи мазкур барои ҳадафҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти кишвар, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, мушарраф гаштан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат равона шудааст. Он 41 лоиҳаи қарзии амалкунанда ва 29 Созишномаи қарзӣ дар сатҳи лоиҳавиро дар бар гирифта, арзиши онҳо 1 миллиарду 576 миллионро ташкил медиҳад ва дар Буҷаи давлатии миёнамуҳлати солҳои 2012-2015 пурра ба инобат гирифта шудааст. Ҷамолиддин Нуралиев афзуд, ки дар давраи миёнамуҳлат азхудкунии маблағҳои қарзӣ дар ҳаҷми 557, 3 миллион $ таъмин гардидааст, ки 39, 8 % ҳаҷми умумии лоиҳаҳои муштараки инвеститсиониро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, то охири соли 2012 ум 95, 7 миллион $, ки ин 1, 3 % нисбат ба маҷмўи маҳсулоти дохилиро /ММД/ ташкил медиҳад, дар соли 2013 177 миллион $, ё 2, 2% ММД, дар соли 2014 ба 145 миллион $ , ё 1, 5 % -и ММД, дар соли 2015 127,7 миллион $ ки 1,2 %-и ММД- ро ташкил медиҳад. Муовини аввали вазири молия зикр кард, ки ҷалби маблағҳои қарзӣ дар асоси «Стратегияи баланд бардоштани некӯаҳволии мардум» ва Барномаҳои миёнамуҳлати рушди институтҳои молиявии Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Рушди Осиё, Бонки исломии рушд, Фонди саудии рушд, Фонди кувайтии рушд, Бонки таҷдид ва рушди Аврупо амалӣ мегарданд. Барномаи мазкур барои рушди иқтисодиёти кишвар, хусусан соҳаҳои кишоварзӣ 60 лоиҳаи амалкунанда ва се лоиҳаи нави қарзӣ дар ҳаҷми 106, 6 миллион $, дар соҳаи тандурустӣ се лоиҳаи амалкунанда ва 1 лоиҳаи қарзӣ ба маблағи 36, 7 миллион $, соҳаи маориф 3 лоиҳаи амалкунанда дар ҳаҷми 43 миллион $, бахши энергетика 9 лоиҳаи амалкунанда ва 8 лоиҳаи нави қарзӣ дар ҳаҷми 403 миллион $, ки он 25, 6% -и қарзҳои ҷалбшавандаро ташкил медиҳад. Дар бахши нақлиёт ва коммуникатсия 15 лоиҳаи амалкунанда ва 7 лоиҳаи нави қарзӣ дар ҳаҷми 861, 5 миллион $ ё 54, 7 %-и ҳаҷми умумии қарзҳои ҷалбшаванда аст. Дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ 5 лоиҳаи амалкунандла ва 9 лоиҳаи нав ба маблағи 79, 6 $ 5, 1 %-и маблағҳои ҷамъшавандаро ташкил медиҳад. Дар соҳаи иқтисодиёти кишвар 1 лоиҳаи қарзӣ барои қарзгирии хурд дар ҳаҷми 45 миллион $- ро ташкил медиҳад. Татбиқи 35 лоиҳаи амалкунанда барои беҳтар сохтани бахшҳои инфрасохторӣ, кишоварзӣ, нақлиёт, энергетика, хоҷагии манзилию коммуналӣ нигаронида шудаанд, ки дар оянда имконияти баргардонидани қарзҳо аз ҳисоби даромадҳои ин бахшҳо амалӣ гардонида мешавад, афзуд. Ҷ. Нуралиев. Тамоми қарзҳои дар барнома дарҷгардида имтиёзнок буда, барои давраи дарозмуддат аз 20 то 40 сол дода мешаванд. Меъёри фоизҳои онҳо аз 0, 15 % то 2 % -и солонаро ташкил медиҳад. Ҷалби маблағҳои грантӣ барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати асосӣ дода шуда, мақсади асосӣ дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодист. Дар мачмуъ барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ ҷалби маблағҳои грантӣ дар давраи миёнамуҳлат ба 624, 7 миллион $, ки 54% -и ҳаҷми умумии лоиҳаҳои муштараки инвеститсиониро ташкил медиҳад, баробар аст. Инчунин дар соҳаи кишоварзӣ ва обёрӣ 60 миллион $, тандурустӣ 6, 3 миллион $ маориф 9,5 миллион $, энергетика ва саноат 196 миллион $, нақлиёт 206 миллион $, дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ 109 миллион $, дар соҳаи ҳокимият ва идоракунӣ 12, 6 миллион $ ва дигар соҳаҳои амалкунанда 23, 6 миллион $ -ро ташкил медиҳад. Бояд тазаккур дод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои самаранок ва мақсаднок истифода намудани қарзҳои ҷалбшаванда барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти кишвар чораҳои зарурӣ меандешад, ки ин дар оянда барои ғанӣ гардонидани буҷаи давлатӣ, таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, устувор нигоҳ доштани иқтисодиёти давлат, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии ҷомеа мусоидат хоҳад кард.








250 кӯдак дар «Чангоб» ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
6 июл дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Чӣ тавр муштариён шабакаи мобилиро иваз мекунанд
6 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд






