Таъсиси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб
Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Дирӯз дар ноҳияи Варзоб вохӯрии роҳбарияти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолону раисони ҷамоат ва директорони мактабҳо баргузор гардид. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти муҳоҷират иттилоъ доданд, дар мулоқот сардори Хадамоти муҳоҷират С. Девонаев доир ба самтҳои асосии фаъолияти Хадамот сухан намуда, диққати ҳозиринро ба самти касбомӯзӣ, забономӯзии ҷавонон ва пешгирии ноболиғон ҳангоми сафар ба хориҷи кишвар ҷалб намуд. Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, баҳисобгирии муҳоҷирон-шаҳрвандони Тоҷикистон, шиносоӣ бо вазъи муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони тоҷик дар хориҷи кишвар, сатҳи забондонии муҳоҷирони меҳнатӣ, касбомӯзӣ, одобу русум, таърих ва фарҳанги кишварҳои қабулкунанда ва дигар масъалаҳои вобаста ба ин соҳа матраҳ гардид.Мақсад аз мулоқотҳои роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират бо бошандагони ин ноҳия танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотӣ байни аҳолӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.Дар мулоқот доир ба самтҳои фаъолияти Хадамоти муҳоҷират ва намояндагиҳои он дар Федератсияи Русия, забономӯзӣ, касбомӯзӣ, масъалаи сафари ноболиғон ба ФР ва нигарониҳое, ки дар ин самт вуҷуд доранд, инчунин муҳокимаи умумии Қонун «Дар бораи муҳоҷират» ва таъсиси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб ва пурзӯр намудани самтҳои ҳамкориҳо бо раисони ҷамоат ва мактабҳо баҳсҳо сурат гирифтанд.








«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






