Таъсиси сомонаи расмии Раёсати морифи шаҳри Душанбе
Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим)- 13-уми ноябри соли 2012 дар Маркази матбуотии «Иттилоот ва муошират», ки дар бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир аст, бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ, маросими муаррифии сомонаи расмии Раёсати морифи шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Масъулини Раёсати маорифи шаҳри Душанбе таъсиси сомонаро омили муҳиме дар самти ба роҳ мондани ҳамкориҳои афзунтар бо ҷомеа ва рӯзноманигорон унвон карданд. Тибқи иттилои Ҳамидуллохон Фақиров, Сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе дар ин чорабинӣ масъалаҳои гуногуни фаъолияти соҳаи маорифи пойтахт ва нақшаву дурнамои инкишофи соҳа баррасӣ хоҳанд шуд. Гуфта шуд, ин чорабинӣ соати 11/00 баргузор мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






