Татбиқи барномаи давлатии экологӣ

Ноябрь 2, 2012 16:09

Душанбе, 2 ноябр. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров).- Дар даврони муосир буҳрони экологӣ ба сайёраи Замин таҳдид дорад. Яке аз масъалаҳои умдатарини ҷамъият раҳоӣ аз буҳрони экологӣ буда, он танҳо бо роҳи донистани қонунҳои экологӣ имконпазир мегардад. Ҳафтаи қаблӣ гуруҳи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дар вилояти Суғд сафари корӣ доштанд. Ба ҳайат раиси камитаи аграрӣ ва экологияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саиди Ёқубзод, раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Латипов ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар Абдузафар Иномов шомил буданд. Зимни мулоқот гуруҳи вакилон бо мутахассисони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, Кумитаи заминсозӣ, назорати давлатии санитарии эпидемиологӣ, Идораи хоҷагии оби вилоят, хоҷагии ҷангал ва сарраёсати Идораи хоҷагии манзилии коммуналии вилоят иҷрои нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» ва масоили умдатарини экологии вилоятро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ноябрь 2, 2012 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд