Татбиқи «Cтратегияи миллии солимии аҳолии ҶТ»
Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Имрӯз дар шаҳри Душанбе саммити дурӯза оид ба шарҳи cоли дуюми татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» кори худро оғоз намуд. Дар шарҳи cоли дуюми татбиқи Стратегия намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва муассисаҳои тандурустӣ иштирок намуданд.Бояд гуфт, ки Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоише ба тасвиб расонид, ки 2 августи соли 2010 «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» тасдиқ гардида буд. «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» мақсадҳои дарозмуҳлати кишварро дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ ва роҳҳои ноил шудан ба ин мақсадҳо, аз ҷумла стратегияҳо, барномаҳо ва захираҳои навсозии соҳаи ҳифзи солимиро фаро мегирад. Он ирода ва манфиатҳои Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар соҳаи ҳифзи саломатӣ ифода намуда, ҳуҷҷати маҷмӯӣ ва бунёдии тарҳрезии дурнамо буда, самтҳои минбаъдаи барномавии роҳбарияти сиёсии кишварро ифода менамояд. Ин санад ба тарҳрезии маҷмӯӣ нигаронида шудааст ва бар пояи муносиботи асоснокшуда татбиқ мегардад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






