Таътили тирамоҳӣ ба вақти дигар гузаронида шуд
Душанбе, 1 ноябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Дар асоси фармони вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2012 дар бораи тағйири мӯҳлати таътил дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таътили тирамоҳии соли таҳсили 2012 – 2013 ба моҳи январи соли 2013 гузаронида мешавад. Тавре ки дар Вазорати маорифи ҷумҳурӣ зикр намуданд, имсол хеле сард шудани обу ҳавои зимистон дар назар аст. Бинобар ин тасмим гирифта шуд, ки таътили тирамоҳӣ бекор намуда, мӯҳлати таътили зимистона, ки аз 1 январ оғоз меёбад, дароз карда шавад. Ҳамчунин зикр шуд, ки имсол таътили тирамоҳӣ ба ҳамаи сохторҳои маориф, аз ҷумла ба макотиби ибтидоӣ низ дахл дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






