Тавлиди аробачаҳои маъюбон дар Тоҷикистон
Душанбе, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Лоиҳаи тавлиди аробачаҳои маъюбон дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ҳамчунин таҷдиди бинои мактаб – интернати кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуди ноҳияи Ҳисор амалӣ гардид. Лоиҳаро Ҳукумати Ҷопон баробари 559 ҳазору 355 доллари ИМА маблағгузорӣ карда, онро Анҷумани кӯмаку дастгирии Ҷопон дар амал татбиқ намуд.Маросими анҷоми лоиҳа дар коргоҳи тавлиди аробачаҳои маъюбони Созмони ҷамъиятии «Дилшод» — и ноҳияи Вахш баргузор гардид. Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хирюки Имахаши зимни суханрониаш зикр намуд, ки дар Ҷопон ба ихтирои асбобҳои техникию электронӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир шуда, Ҷопон аз нигоҳи истеҳсоли амволи электронию автоматӣ дар ҷаҳон мавқеи пешқадамро касб намудааст. Анҷумани кӯмаку дастгирии Ҷопон созмони ғайриҳукуматӣ ба ҳисоб рафта, аз соли 2001 инҷониб лоиҳаҳои мухталифро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ месозад, ки мақсад аз онҳо баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми имконияташон маҳдуди Тоҷикистон аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






