Театри тоҷик 84- сола шуд

Ноябрь 7, 2012 15:10

Душанбе, 7 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова). –Дар Тоҷикистон 7-уми ноябр ҳамасола ҳамчун рӯзи Театри тоҷик ҷашн гирифта мешавад.Тавре ки аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, имрӯз ба ин муносибат дар Театри ҷавонони пойтахт чорабинӣ доир мегардад.Дар чорабинӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, ҳунармандон ва инчунин кормандони фарҳангу синамои кишвар иштирок мекунанд.Ёдовар мешавем, ки театри касби тоҷик соли 1924 таъсис ёфтааст. Аввалин дастаи театрии миллӣ дар назди маъмурияти «Хонаи деҳқон» соли 1927 бо роҳбарии Ҳаким Карим таъсис ёфт, ки «Кружоки мусиқию драмавӣ» ном дошт. 7 ноябри соли 1929 Театри давлатии драмаи тоҷик ба номи Лоҳутӣ дар шаҳри Душанбе таъсис гардид ва ин сана ҳамчун «Рӯзи театри тоҷик» таҷлил мешавад.Чеҳраҳои маъруфи театри тоҷик, ба мисли Муҳаммадҷон Қосимов, Маҳмудҷон Воҳидов, Ато Муҳаммадҷонов, Ҳошим Гадо, Сайрам Исоева ва дигарон кишварро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардаанд. Шоми имрӯз дар Театри академии драмаи ба номи Лоҳутӣ «Шаби эҷодии Марям Исоева» баргузор мегардад.

Ноябрь 7, 2012 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад