Телефони боварии «Барқи тоҷик» зиёд шуд
Душанбе, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова). – Роҳбарияти ширкати «Барқи тоҷик» бо назардошти фаро расидани зимистон, зиёд шудани истифодаи нерӯи барқ ва ба суолҳои худ ҷавоби саҳеҳ паёдо намудани муштариён кори телефонҳои навбатдорӣ ва бовариро ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ мондаанд. Телефонҳои навбатдорӣ ва боварӣ бевосита дар қабулгоҳи раиси ширкат насб шудаанд. Маълумотро гуруҳи навбатдорон, ки бевосита ба ин кор масъуланд, қабул менамоянд. Ҳар шарванди кишвар тавассути ин телефонҳо- 378835511 ва 378835522 метавонад ба навбатдорони ширкат занг занад ва арзу шикояти худро бобати бо барқ таъмин будан, аз ҷумла сабаби риоя нашудани меъёри лимит дар ин ё он минтақа иброз дорад. Дар тамоми шабакаҳои барқии минтақаву шаҳрҳо низ чунин телефонҳои боварӣ насб мешаванд ва рақамҳои онҳо дар сайти ШСХК «Барқи тоҷик» — barkitojik.tj- нашр гаштаанд.Инчунин дар ширкат таҳти рақами (44) 6106050 телефони боварӣ ташкил дода шудааст, ки муштариён метавонанд бобати ғайриқонунӣ истифода бурдани барқ, аз ҷумла ба маҳаллаҳо ва шахсони алоҳида берун аз лимит додани барқ, ғорати барқ ва амалу рафтори ғайриқонунии назоратчиёни барқ маълумот пешниҳод намоянд. Ҳар як шаҳраванд аз тамоми нуқоти кишвар метавонад тавассути ин телефон бо ширкати «Барқи тоҷик» дар тамос шавад ва аз ҳодисаҳои мушаххаси дуздии барқ ва истифодаи ғайриқонунии он , ки амалан ғорати як қисмати ҳақки рӯшноиву гармиии тамоми ҷомеа аст, огоҳ намояд. «Барқи тоҷик» ба чунин шахсони дорои масъулияти баланди шаҳрвандӣ изҳори миннатдорӣ намуда, махфӣ нигоҳ доштани ному насаби онҳоро кафолат медиҳад. Хотиррасон менамоем, ки телефонҳои навбатдорӣ ва боварӣ ба таври шабонарӯзӣ ва дар рӯзҳои истироҳат низ фаъоланд.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик» иттилоъ доданд.








Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад






