Тоҷикистон дар форуми Остона
Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). – Бо ибтикори пажӯҳишгоҳи раёсати давлатӣ ва сиёсати Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Академияи раёсати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон 28 ноябр дар шаҳри Остона форум дар мавзӯи «Ҳамкории тиҷоратии байни Осиёи Марказӣ ва Афғонистон баргузор гардид. Иштирокдорони форум муносибатҳои тиҷоратии байни Афғонистон ва Осиёи Марказӣ, ҳамчунин дурнамои давлатии бахши тиҷорати минтақаро мавриди муҳокима қарор доданд. Мақсад аз ин чорабинӣ зоҳир намудани таваҷҷӯҳи бештар ба аҳамияти тиҷорати минтақавӣ ва муносибатҳои иқтисодӣ мебошад. Дар ин бора аз Академияи раёсати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






