Тоҷикистон дар марҳилаи узвият ба CҶТ

Ноябрь 21, 2012 12:45

Душанбе, 21 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Яке аз силсиладавраҳои омӯзишии якрӯза ҷиҳати боло бурдани огоҳии доираҳои тиҷоратии тоҷик аз манфиату чолишҳо ва оқибатҳои воридшавии Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат /СҶТ/ имрӯз дар шаҳри Душанбе оғоз шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» Саидмуъмин Камолов- роҳбари миллии барномаи Маркази байналмилалии тиҷорат /МБТ/ иттилоъ дод. Мавсуф афзуд, ки МБТ намояндагони корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагӣ, корхонаҳои бузурги соҳаҳои дигар ва ҳамчунин намояндагони муассисаҳоеро, ки ба масоили марбут ба стандартҳо ва баҳогузории мутобиқат машғуланд, дар шаш шаҳри кишвар гирди ҳам меоварад. Давраҳои омӯзишии мазкур дар доираи лоиҳаи «Иҷрои талаботи СҶТ ва огоҳии доираҳои тиҷоратӣ аз шароити узвият ба он» баргузор мегардад. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад ва онро МБТ амалӣ менамояд. Эдил Калашев, мушовири байналмилалии МБТ оид ба монеаҳои техникӣ дар тиҷорат мегӯяд: “Мақсади баргузории давраҳои омӯзишӣ боло бурдани сатҳи огоҳии намояндагони бахши хусусӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноати коркард ва нассоҷиву дӯзандагӣ аз чораҳои СҶТ ҷиҳати тарғиби тиҷорати озод ва одилона дар сатҳи байналмилалӣ аст. Дар давраҳои омӯзишӣ иштироккунандагон аз тадбирҳои СҶТ оид ба кам кардани монеаҳои техникӣ, ки боиси маҳдуд гардидани тиҷорат мешавад, огоҳ хоҳанд шуд. Ҳамаи ин иқдом ба Созишномаи СҶТ оид ба монеаҳои техникӣ дар тиҷорат расман ворид шудаанд ва мавзӯи асосии суҳбатҳо дар давраҳои омӯзишӣ низ ҳамин хоҳад буд”.Э. Калашев илова намуд, ки давраҳои омӯзишӣ ба бахши хусусии Тоҷикистон имкон медиҳад, то донишу фаҳмиши худро ҷиҳати дарёфти дастрасӣ ба бозорҳои беруна баъди воридшавии Тоҷикистон ба СҶТ амиқтар созад. СҶТ созмони байналмилалӣ буда, қоидаҳои тиҷорат миёни кишварҳоро танзим мекунад, то ба ин восита ба истеҳсолкунандагон, ироагарони хадамот, содиркунандаҳо ва воридкунандаҳо дар тиҷораташон мусоидат намояд. Алҳол 157 кишвар узви СҶТ буда, 22 давлати дигар, аз ҷумла Тоҷикистон, ҷиҳати шомил шудан ба СҶТ дархост ироа кардааст, ки он дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад.

Ноябрь 21, 2012 12:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд