Тоҷикистонро мушкилкушои Афғонистон меноманд
Душанбе, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова).- Имрӯз созмони байналмилалии «Хазинаи Осиё» хулосаи як тадқиқоти хешро дар расонаҳо интишор додааст. Дар он омадааст, ки Тоҷикистон ягона кишваре дар Осиёи Миёни мебошад, ки аз кӯмакҳояш мардуми Афғонистон барои бозсозӣ ва рушди кишварашон огоҳанд.Ин тадқиқот ба таври назарпурсӣ гузаронида шудааст, ки як дарсади пурсидашудаҳо номи Тоҷикистонро гирифтаанд.Ба мардуми афғон рӯйхати давлатҳои ҷаҳонро пешниҳод карда, пусидаанд, ки кадоме аз онҳо бо тарҳҳои худ дар бозсозии Афғонистон бештар нақш дорад. Доираи назарпурсӣ ҳудуди 34 вилояти Афғонистонро фаро гирифтааст, аммо дар он номи Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қазоқистонро мардум ёдовар нашудаанд.Созмони байналмилалии «Хазинаи Осиё» қайд намудааст, ки роҳи оҳаниТирмиз-Ҳайратон-Мазори Шарифро ширкати давлатии «Ӯзбекистон темир йулларӣ» бунёд кардааст. Манбаъ афзудааст, ки 35 дарсади пурсидашудаҳо аз Амрико ва 9 дарсад аз Олмону Ҷопон ёдоварӣ кардаанд. Ду дарсади мардуми Афғонистон кишварҳое, мисли Бритониё, Чин, Эрон, Канад, Арабистони Саудӣ, Фаронса ва созмонҳои байналмилалиро зикр намудаанд. Намояндаи созмони «Хазинаи Осиё» дар Афғонистон гуфтааст, ки 75 дар сади пурсидашудаҳо бештар аз ноамнӣ, бекорӣ ва мизони аз ҳад беши фасоду ришва дар кишвари худ изҳори нигаронӣ мекунанд.Дар назарпурсӣ беш аз 6 ҳазор нафар афроде, ки ба синни балоғат расидаанд, иштирок кардаанд. Ин назарпурсӣ ҳамасола гузаронида шуда, дараҷаи ҳузур ва нақши кишварҳои ҷаҳон дар бозсозии иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистонро аз назари худи мардуми Афғонистон муайян мекунад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






