Варзишгари тоҷик –соҳиби унвони Устоди варзиши Русия
Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова). –Тавре ки аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, рӯзҳои 17 ва 18 ноябр дар «Маркази ҳунарҳои размии Маскав» мусобиқаи байналмилалӣ доир гардид.Ин мусобиқаи байналмилалӣ барои гиромидошти хотираи мураббии маъруфи Иттиҳоди Шӯравӣ Владимир Андреев баргузор гардид, ки дар он Хушбахт Қурбонмамадов, варзишгари тоҷик дар вазни то 60 килограмм ҳунарнамоӣ карда, мақоми аввалро соҳиб шуд.Ба мусобиқа варзишгароне, ки ҳадди ақал 17 сол собиқаи корӣ доранд, роҳ ёфтанд. Ёдовар бояд шуд, ки Хушбахт Қурбонмамадов таҳти роҳбарии Владимир Элчанинов, мураббии саршиноси Русия тамрин намудааст ва бо расидан ба ин пирӯзӣ унвони Устоди варзиши Русияро низ соҳиб шуд.Ҳамчунин Хайрулло Назриев, гӯштигири дигари тоҷик дар вазни 100 килограмм медали нуқра ба даст овард.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






