Вохӯрӣ бо 2309 нафар хонанда

Ноябрь 13, 2012 17:03

Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Бо ташаббуси Сарраёсати муҳоҷирати меҳнатӣ, шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират, Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ, Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон (СБМ) ва Раёсати маорифи шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Муҳоҷирати меҳнатӣ ва роҳҳои беҳбуд бахшидан ба фаъолияти он» ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳиву иттилоотӣ, бо хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумӣ тӯли як моҳ бо 2309 нафар хонанда вохӯрӣ доир гардид.Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуотии Хадамоти муҳоҷират иттилоъ доданд, ҳадафи суҳбату вохӯриҳо бо мактаббачагон ба касбомӯзӣ, тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва касбҳои замонавӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз қабили забони русӣ, англисӣ, немисию арабӣ, инчунин донистани масъалаҳои ҳуқуқии давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар мебошад. Дар ҷараёни вохӯриҳо кормандони масъули Хадамоти муҳоҷират ва Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ, урфу одати давлати қабулкунанда, фаъолияти Хадамоти муҳоҷират ва Намояндагии он дар Федератсияи Русия маълумоти муфассал дода, китобчаҳои роҳнамои муҳоҷирон, диск дар мавзӯи «Пеш аз сафар бидон» ва бархе аз маводе, ки доир ба муҳоҷирати меҳнатӣ таҳия шудаанд, ба мактаббачагон супорида шуданд.Ҳамзамон Хадамоти муҳоҷират тасмим гирифтааст, ки тибқи нақшаи Хадамоти муҳоҷират дар якҷоягӣ бо масъулини Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, сафарҳои гуруҳи корӣ оид ба гузаронидани вохӯриҳо дар ҳамаи мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ байни мактаббачагон дар назар аст.

Ноябрь 13, 2012 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид