Вохӯриҳои созанда

Ноябрь 14, 2012 15:04

Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ “Ховар”, Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 20- солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯриҳои судманди муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинова бо ҷавонон доир гардид. Аз ҷумла, чунин мулоқотҳо дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Коллечи омӯзгории шаҳри Хуҷанд баргузор шуданд. Дар мулоқот М. Муинова оид ба аҳамият ва нақши иҷлосияи таърихӣ дар ҳаёти мардуми тоҷик, бахусус ҷавонон ибрози назар намуда, зикр кард, ки ин воқеаи фарахбахшу сарнавиштсоз дар таърихи халқи тоҷик ва давлати навбунёди Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Инчунин мавсуф аз дастовардҳои насли ояндасози кишвар дар тӯли 21- соли истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ёдовар шуда, ҷавононро, ки ояндаи миллатанд, ба созандагиву бунёдкорӣ ва саҳм гузоштан ба рушду ободии ватани соҳибистиқлоламон даъват намуд. Дар қисмати дигари чорабиниҳо суҳбати озоди ҷавонон бо муовини раиси Кумита доир гардид ва М. Муинова ба суолу дархостҳои сершумори ҷавонон посух дод. Ҳадаф аз баргузории ин гуна чорабиниҳо бори дигар ёдовар гардидан аз муваффақиятҳои мардуми шарифи Тоҷикистон дар давоми 21- соли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷавонон ва инчунин талқини ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва ифтихор аз созандагиву бунёдкорӣ миёни онхо мебошад.

Ноябрь 14, 2012 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад