Вохӯриҳои созанда
Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ “Ховар”, Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 20- солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯриҳои судманди муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинова бо ҷавонон доир гардид. Аз ҷумла, чунин мулоқотҳо дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Коллечи омӯзгории шаҳри Хуҷанд баргузор шуданд. Дар мулоқот М. Муинова оид ба аҳамият ва нақши иҷлосияи таърихӣ дар ҳаёти мардуми тоҷик, бахусус ҷавонон ибрози назар намуда, зикр кард, ки ин воқеаи фарахбахшу сарнавиштсоз дар таърихи халқи тоҷик ва давлати навбунёди Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Инчунин мавсуф аз дастовардҳои насли ояндасози кишвар дар тӯли 21- соли истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ёдовар шуда, ҷавононро, ки ояндаи миллатанд, ба созандагиву бунёдкорӣ ва саҳм гузоштан ба рушду ободии ватани соҳибистиқлоламон даъват намуд. Дар қисмати дигари чорабиниҳо суҳбати озоди ҷавонон бо муовини раиси Кумита доир гардид ва М. Муинова ба суолу дархостҳои сершумори ҷавонон посух дод. Ҳадаф аз баргузории ин гуна чорабиниҳо бори дигар ёдовар гардидан аз муваффақиятҳои мардуми шарифи Тоҷикистон дар давоми 21- соли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷавонон ва инчунин талқини ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва ифтихор аз созандагиву бунёдкорӣ миёни онхо мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






