Вохӯрии хонандагон бо муаллифони китобҳои дарсӣ

Ноябрь 8, 2012 12:33

Душанбе, 8 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- 7-уми ноябри соли ҷорӣ дар Осорхонаи маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон вохӯрии омӯзгорон ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 35, 65 ва литсейи рақами 55 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо муаллифони китобҳои дарсӣ ва олимони Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Файзулло Шарифзода, Убайд Зубайдов, Тӯйчӣ Миров, Қодир Қодиров, Саидбой Шербоев, Хуррам Раҳимзода, Гурез Сафаров баргузор гардид. Мудири Осорхонаи маориф Саодат Ҳомидова омӯзгорону хонандагонро бо таърихи гузашта ва имрӯзаи маориф шинос намуда, олимону муаллифони китобҳои дарсиро муаррифӣ намуд. Ба саволҳои хонандагону омӯзгорон муаллифони китобҳои дарсӣ Файзулло Шарифзода, Убайд Зубайдов, Тӯйчӣ Миров, Хуррам Раҳимзода ва Қодир Қодиров ҷавоб доданд.Вохӯриро ноиби президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Қодир Қодиров ҷамъбаст намуд.

Ноябрь 8, 2012 12:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд