Ярмаркаи анъанавии косибон
Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова). – 8 ва 9 декабри соли равон дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе ярмаркаи анъанавии зимистонаи косибон баргузор мегардад. Дар ин бора раиси Созмони ҷамъиятии «Иттифоқи косибони Тоҷикистон» Сарвиноз Ҳоҷиева ба АМИТ «Ховар» хабар дод. Ба гуфтаи Сарвиноз Ҳоҷиева, ярмаркаи навбатӣ бо иштироки Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон, Маркази фарҳангии «Бохтар», Анҷумани миллии тиҷорати хурду миёна ва бо дастгирии намояндагии Созмони «СESVI» (КЕСВИ) дар Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар ҷараёни ярмарка ба муштариён намоишномаи «Ҳаёти косиб» дар иҷрои донишҷӯёни Коллеҷи давлатии бадеии ба номи М.Олимов, ҳамчунин филмҳои «Санъату касб дар қуллаи ҷаҳон» ва «Мӯъҷизаҳои Шарқ» намоиш дода, мутриби маъруфи тоҷик Акбар Рӯзиев ва гурӯҳи ӯ ҳунарнамоӣ мекунанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






