Ёддоштҳо аз иҷлосия
Душанбе, 1 ноябр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Имрӯз дар маҷлисгоҳи Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ва таҷлили 20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии кормандони китобхона бо вакилони мардумӣ – иштирокчиёни Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ Шодӣ Шабдолов ва Эшбӯрӣ Эсанқулов баргузор гардид.Тавре ки котиби матбуотии китобхона Фотима Яқубова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар чорабинӣ доир ба аҳамияти Иҷлосияи 16-ум дар таърихи давлатдории муосири тоҷикон ва нақши муҳими он сухан рафта, атрофи он баҳсу андешаҳо доир гардид.Ҳамоишро муовини аввали директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Саидҷаъфар Сафаров ифтитоҳ намуд. Сипас муовини директори китобхона Шариф Комилзода андешаҳои хешро доир ба тақдирсоз будани Иҷлосияи 16-ум барои миллати тоҷик баён дошт. Баъдан вакилони мардумӣ Шодӣ Шабдолов ва Эшбӯрӣ Эсанқулов оид ба ҷараёни Иҷлосияи 16-ум маълумоти муфассал дода, хотираҳои хешро аз ин иҷлосия ёдовар шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






