Зафари пахтакорони кишвар
Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) -Имсол кишоварзони ҷумҳурӣ баҳри ба даст овардани ҳосили фаровон ба номусоидиҳои ҳавои баҳори имсола нигоҳ накарда, дар майдони 199466 гектар кишти пахта гузарониданд, ки дар натиҷаи риояи дурусти қоидаҳои агротехникӣ тавонистанд иҷрои дурнамои пахтаро ба миқдори 401115 тонна таъмин намоянд. Дар натиҷаи меҳнати пурмаҳсул кишоварзони ҷумҳурӣ дар арафаи ҷашни 18-умин солгарди Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои пахтаро пурраю барзиёд иҷро намуданд. Пахтакорони шуҳратманди вилояти Хатлон ба миқдори 268864 тонна (102 %) вилояти Суғд ба миқдори 112699 тонна пахта (100,2%) ҷамъ оварда, дар ҷумҳурӣ аввалин шуда, аз иҷрои дурнамои пахта баромаданд ва ҳамзамон уҳдадор шуданд, ки то пағаи охирин ҳосили пахтаро ҷамъоварӣ намоянд ва дар таъмини амнияти озуқавории кишвар ва ғанӣ гардонидани дастурхони мардум саҳми арзандаи худро гузоранд. Дар айни замон кишоварзони ҷумҳурӣ аз мусоид омадани ҳавои тирамоҳи имсола истифода намуда, барои ҷамъоварии ҳосили боқимонда муташаккилона меҳнат мекунанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






