Зарурати робитаи мактабу волидайн
Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова). – Имрӯз сомонаи Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ба фаъолият шуруъ намуд. Дирӯз дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бо иштироки сардори раёсати маорифи шаҳри Душанбе Ҳамидуллохон Фақиров, намояндагони мақомоти давлатӣ, коршиносони бахши технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва рӯзноманигорон маросими муаррифии сомонаи интернетии раёсати мазкур баргузор гардид, ки он бо суроғаи www.dushanbemaorif.tj ба фаъолият шуруъ мекунад.Ҳамидуллохон Фақиров ёдрас шуд, ки мақсад аз таъсиси ин сомона аз огоҳии волидайн аз ҷараёни таҳсили фарзанди худ иборат аст. Яке аз бахшҳои сомона «журнали электронӣ» ном гирифтааст, ки дар он шакли электронии журналҳои макотиби чор ноҳияи шаҳри Душанбе ҷой дода шудааст. Баъд аз анҷоми муаррифӣ Ҳамидуллохон Фақиров перомуни мушкилоту норасоиҳое, ки дар макотиби миёнаи пойтахт ҷой доранд ибрози назар намуд. Ӯ зикр намуд, ки Раёсати маориф баҳогузории воқеиро дар мактабҳои пойтахт ҷорӣ карда, ба ҷангҳои байнимактабӣ ва ҷамъоварии маблағу ришвахурӣ дар муассисаҳои таълимӣ хотима мебахшад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






