Ғалабаи журналисти тоҷик
Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова ). – Журналисти тоҷик Ирина Умарова ба қатори ғолибони Озмуни кушодаи умумирусиягии журналистон таҳти унвони «Русияи мухталиф» дохил гардид. Озмунро Агентии ҷумҳуриявии матбуот ва коммуникатсияҳои оммавӣ ва Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тотористон доир намуданд. Тавре ки аз Кумитаи тадорукоти озмун хабар доданд, натиҷаи ин чорабинӣ дар шаҳри Қазон ҷамъбаст гардид.Дар озмун ба асарҳои эҷодӣ дар бораи таърих ва анъанаҳои миллию фарҳангии халқҳои сокини минтақаҳои Русия таваҷҷӯҳи хоса дода шуд.Дар маросими супурдани диплому мукофотҳо президенти Хазинаи «Академияи телевизиони Русия Михаил Швидкой, ҳамчунин журналистони маъруфи бахши телевизион Владимир Познер, Антон Хреков ва Арина Шарапова ширкат доштанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






