Қадрдонии барандагони стипендияи Президентӣ
Душанбе, 27 декабр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Ҷавонон нерўи созанда ва бунёдкори ҷомеа буда, барои ободу зебо намудани ин сарзамин нақши муассир доранд. Инро ба назар гирифта, борҳо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро «ояндасози миллат» номидааст. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» мудири бахши таҳлилу иттилоот Ҷалолиддин Нуров хабар дод, 23 майи соли 2005 баъд аз мулоқоти Президенти ҷумҳурӣ бо ҷавонони кишвар теъдоди гирандагони стипендияи Президентӣ аз 100 ба 300 адад расид. Имрўз он хонандагоне, ки бо баҳои хубу аъло дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо, омўзишгоҳҳои касбию техникӣ, омўзишгоҳҳо, техникумҳо ва коллеҷҳо таҳсил менамоянд, сазовори ин стипендия мегарданд. Ба ин хотир 26 декабри соли ҷорӣ мутобиқи квотаи муайяншуда диплом ва маблағҳои 30 нафар барандагони стипендияи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мактабҳои шаҳри Душанбе дар толори мактаби таҳсилоти умумии №56- и ноҳияи Синои пойтахт аз ҷониби раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов ботантана супорида шуд. Дар охири чорабинӣ гирандагони стипендияи Президентӣ барои ин ғамхорӣ ва дастгирӣ ба Прнзиденти ҷумҳурӣ ибрози миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки бо баҳои хубу аъло хонда, дар ободу зебо гардонидани Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






