Қаллобӣ ба маблағи 15000 долари амрикоӣ
Душанбе,31 декабр.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-Ба мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ-1 сокини ш.Душанбе шаҳрванд Сайфиддин Ҳоҷиеви 46- сола муроҷиат намудааст, ки соли 2007 Зафар ном шахс бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 15000 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст. Тавре ки сомонаи расмии Вазорати корхои дохилии ҶТ хабар медиҳад, зимни гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки шахси қаллоб шаҳрванд Зафарҷон Сафаров, соли таваллудаш 1967, сокини кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе мебошад. Оид ба ин ҳодиса мутобиқи моддаи 247, қисми 4 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






