Қарзи бебозгашти Ҷопон

Декабрь 14, 2012 09:35

Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 13 декабр дар Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон маросими ба имзо расонидани қарордодҳои бебозгашт ба маблағи беш аз 560 ҳазор доллари ИМА баргузор гардид. Қарордодҳоро аз рӯи панҷ лоиҳаи мухталиф барои дастгирии бахшҳои маорифи ноҳияҳои Спитамен ва Шӯрообод, ҳамчунин рушди соҳаи тандурустии ноҳияҳои Шаҳринав, Мурғоб ва Ишкошим Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Хироюки Имахаши ва раисони ноҳияҳои номбурда имзо намуданд.Аз ҷумла, лоиҳаҳои таҷдиди мактаби миёнаи рақами 28 ҷамоати Нови ноҳияи Спитамен дар ҳаҷми 113 ҳазору 439 доллар, сохтмони бинои нави мактаби миёнаи рақами 4 деҳаи Доғистони ҷамоати Доғистони ноҳияи Шӯрообод дар ҳаҷми 111 ҳазору 889 доллар, такмили шӯъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳринав дар ҳаҷми 107 ҳазору 017 доллар, беҳдошти беморхонаи маркази ноҳияи Ишкошим дар ҳаҷми 108 ҳазору 655 доллар, беморхонаи маҳаллии ҷамоати Қарокӯли ноҳияи Мурғоб дар ҳаҷми 120 ҳазору 373 доллар имзо гардиданд.

Декабрь 14, 2012 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад