Қатъи парвандаи ҷиноӣ
Душанбе, 19 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Чанде пеш шӯъбаи идораи пулиси шаҳри Пикалевои вилояти Ленингради Федератсияи Русия амали парвандаи ҷиноӣ дар мавриди шаҳрванди Тоҷикистонро қатъ намуд. Тавре ки аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шарифов зимни аризааш ба унвонии намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ изҳор дошт, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ кормандони политсияи шаҳри Пикалево ӯро бо гумонбари тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ дастгир карда буданд. Ба гуфтаи Баҳодур Шарифов, ӯ ин ҳуҷҷатро аз Маркази ягонаи санадҳо ба даст оварда буд. Баъди тафтиши намояндагӣ маълум шуд, ки ҳуҷҷатҳои Баҳодур Шарифов эътибори расмӣ доштаанд.Аз рӯи ин қазия ба роҳбарияти идораи политсияи шаҳри Санкт -Петербург ва вилояти Ленинград шикоятномаи расмӣ ирсол гардида, дар натиҷаи ин парвандаи беасоси ҷиноӣ дар ҳаққи Баҳодур Шарифов қатъ карда шуд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






