Қонуни ВАО дар тарҳи нав қабул хоҳад гашт
Душанбе, 10 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Шўрои Маҷлиси намояндагон дар ҷаласае, ки рўзи 10 декабр таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров –раиси палатаи поёнии парлумони мамлакат доир гардид, се лоиҳаи қонуни конститутсиониро баррасӣ намуд. Инҳо лоиҳаҳои қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» мебошанд. Аз Хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аъзои Шўро ҳамзамон лоиҳаҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ», «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012», «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ», «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи ветеранҳо», «Дар бораи металҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо», «Дар бораи кооперативҳо», «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ»-ро муҳокима намуданд.Раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Убайдулло Давлатов, Амирқул Азимов, Сафаралӣ Раҷабов, Олим Салимзода ва дигар аъзои Шўро доир ба аҳамият ва муҳтавои масъалаҳои мазкур ибрози назар намуданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






