Қудратулло Ҳикматов боз раис интихоб шуд
Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Қудратулло Ҳикматов такроран раиси Иттифоқи бастакорони Тоҷикистон интихоб гардид. Тавре ки аз Иттифоқи бастакорони Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, чанде пеш дар анҷумани 12 – уми Иттифоқи бастакорон нақшаи эҷодии тадбирҳои минбаъда мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Зикр шуд, ки тайи солҳои гузашта 16 нафар бастакорону мусиқишиносон ба ҳайати Иттифоқи бастакорон қабул шуданд.Дар анҷоми анҷуман бастакор Қудратулло Ҳикматов такроран раиси Иттифоқи бастакорон барои 5 соли наздиктарин интихоб гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






