Ҳаҷми хидматрасонии пулакӣ меафзояд

Декабрь 26, 2012 15:26

Душанбе, 26 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Тайи 11 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми хидматрасонии пулакии аҳолии ҷумҳурӣ беш аз 8 миллиард сомониро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 14,5 фоиз зиёд аст. Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, ҳаҷми хидматрасонии пулакии муассисаю ташкилотҳо беш аз 3 миллиарду 900 миллион сомониро ташкил дод, ки ин баробари 48,3 фоизи ҳаҷми хидматрасонии умумӣ мебошад.Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об ва ҷамъияти ронандагон ҳаҷми хидматрасонии пулакии аҳолиро баробари мутаносибан 38,6 ва 88,3 фоиз коҳиш додаанд.

Декабрь 26, 2012 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш