Ҳадафҳои стратегии миллии кишвар амалӣ хоҳанд шуд
Душанбе, 25 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Лоиҳаи «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» дар ҷаласаи Шўрои палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон матраҳ гардид. Стратегияи мазкур тибқи моддаи 7 –и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз сӯи ҳукумати мамлакат таҳия ва ба парлумони кишвар ироа гардидааст. Ҳадафи ин санад татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Сафаралӣ Раҷабов — раиси кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон зимни тавзеҳи масъалаи мазкур гуфт, ки он дар асоси Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллии кишвар, барои таъмини истиқлолияти энергетикиву амнияти озуқаворӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, рушди иқтисоди миллӣ таҳия гардида, яке аз самтҳои асосии фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ маҳсуб мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






