Ҳайати Тоҷикистон ба Бишкек рафт
Душанбе, 19 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Мирганд Шаҳбозов –муовини раиси Маҷлиси намояндагон имрўз ба Бишкек –пойтахти Қирғизистон сафар кард. Муҳаммадато Султонов –котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ҳадафи сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Бишкек тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни ду кишвари ҳамҷавор буда, он дар доираи таҳкими гуруҳи дўстии ҳамкории байнипарлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Жокоргу Кенеши Ҷумҳурии Кирғизистон ҷараён мегирад. Дар доираи сафари худ ба Қирғизистон ҳайати парлумонии Тоҷикистон бо фаъолият ва ҷараёни таҳияи қонунҳо дар парлумони Қирғизистон-Жокоргу Кенеш ошно гардида, бо роҳбарони парлумони кишвари ҳамсоя атрофи тавсеаи равобити байнипарлумонӣ мулоқот хоҳад намуд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






