Ҳалокати донишҷӯ дар садама
Душанбе, 28 декабр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра» Абдуҷалил Мӯсоев, сокини н.Балҷувон, ҳангоми ҳаракат аз тарафи н.Данғара ба самти н.Ҳамадонӣ дар километри 124-уми роҳ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қафои бордони трактор, ки таҳти идораи ронанда Маҳмадамин Ҳакимов, сокини шаҳри Сарбанд қарор дошт, бархӯрдааст.Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз ВКД хабар доданд, дар натиҷа мусофирони мошини тамғаи «Опел-Астра» Файзиддин Давлатов, соли таваллудаш 1994, сокини н.Ҳамадонӣ, донишҷӯи бахши 1-уми Омӯзишгоҳи тиббии н.Данғара ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан ба ҳалокат расидааст ва Бобоҷон Собиров, соли таваллудаш 1993, сокини н.Данғара, донишҷӯи бахши 1-уми Омӯзишгоҳи тиббии н.Данғара ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






