Ҳамоиши хатмкунандагони донишкадаҳои олии Русия
Душанбе, 25 декабр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Чанде пеш дар Маркази илму фарҳанги Русия воқеъ дар шаҳри Душанбе ҳамоиши хатмкунандагони донишкадаҳои олии Русия баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо ибтикори Сафорати Русия дар Тоҷикистон, Намояндагии ҳамкории Русия, Вазорати маорифи ҶТ ва Академияи илмҳои Тоҷикистон сурат гирифт. Якчанд насли хатмкунандагони тоҷики донишкадаҳои олии Русия солҳои гуногун ба таҳкими нерӯи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм гузоштанд. Онҳо аслан дар ҳамаи бахшҳои ҷомеаи Тоҷикистон, иқтисодиёт, илм, маориф, тибб ва фарҳанги он кор карда, ҳоло ҳам фаъолият доранд. Иштирокдорони ҳамоиш лоиҳаи Оинномаи анҷумани олимон, муҳандисон, кормандони техникӣ, хидматчиёни давлатӣ ва эҷодкоронро мавриди муҳокима қарор доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






