Ҳарифони дастаи мунтахаби Тоҷикистон
Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар»). – Назар ба хабари сомонаи расмии Иттиҳодияи футболи Русия, маросими қуръапартоӣ барои иштирок дар мусобиқот ҷиҳати дарёфти Ҷоми Иттиҳод баргузор гардид, ки он дар нимаи дуюми моҳи январи соли 2013 дар шаҳри Санкт – Петербург баргузор мешавад. Дар гурӯҳи А футболбозони Беларус, Латвия, Эстония ва Тоҷикистон қувваозмоӣ мекунанд. Ғолиби амалкунандаи мусобиқот — дастаи мунтахаби ҷавонони Русия дар гурӯҳи В иштирок намуда, бо дастаҳои мунтахаби Қирғизистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон вомехӯрад. Дар гурӯҳи С дастаҳои мунтахаби Украина, Литва, Молдавия ва Туркманистон бозӣ мекунанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






