Ҳавои сарди сибирӣ барф меорад
Душанбе, 25 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 27 декабр ба ҷумҳурӣ таъсири ҳавои сарди сибирӣ расида, ҳарорати ҳаво аз 10 то 12 дараҷа паст мефарояд. Назар ба иттилои Парвина Саидҷамолова-мудири шуъбаи пешгўии боду ҳавои Муассисаи давлатии ҳавошиносии кишвар 27 декабр то нимаи 28 декабр дар саросари кишвар барфи сахт меборад. Ҳаво дар ин рўзҳо дар вилояти Суғд шабона ва рўзона 5-10 дараҷа сард, вилояти Хатлон шабона 3 -8 дараҷа сард, рўзона аз 4 дараҷа сард то 1 дараҷа гарм, ноҳияҳои тобеи марказ шабона 3-8 дараҷа, рўзона 0-5 дараҷа сард, дар ғарби Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон шабона 5-10, рўзона 1-6 дараҷа сард, дар шарқи вилоят шабона 20-25, рўзона 5 -10 дараҷа сард мегардад. Ҳавои пойтахти ҷумҳурӣ рўзҳои 27-28 декабр шабона 6-8 дараҷа, рўзона 3-5 дараҷа сард мешавад. Аз 29 декабр то 3 январи соли 2013 ҳаво дар ҷумҳурӣ бебориш боқӣ мемонад. Аз ин рў, сокинони ҷумҳурӣ Соли нави мелодии 2013 –ро бе барф истиқбол хоҳанд гирифт, мегўяд мутахассиси бахши ҳавошиносии кишвар Парвина Саидҷамолова. Имшаб ҳавои пойтахти ҷумҳурӣ-шаҳри Душанбе 3-5 дараҷа гарм хоҳад шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






