Ҷаласаи кумитаи тадорукот оид ба соҳибкории ватанӣ
Душанбе, 7 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар Душанбе ҷаласаи кумитаи тадорукот барои гузаронидани конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ оид ба рушди институтсионалии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷаласаи кумитаи тадорукотро вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Шариф Раҳимзода ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ якҷоя бо Шӯрои ҳамоҳангсозии ассотсиатсияҳои соҳибкорон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи миллии менеҷерон ва маркетингшиносон тасмим гирифтаанд, ки рӯзҳои 18-19 марти соли 2013 конфронси ҷумҳуривии илмию амалиро доир намоянд. Ҳадафи конфронс баланд бардоштани самаранокии соҳибкории ватанӣ дар асоси такмили омилҳои институтсионалӣ ва рушди ояндаи фазои институтсионалии соҳибкорӣ мебошад. Аз рӯи иттилои Ш. Раҳимзода, яке аз самтҳои асосии «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» аз рушди соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ ва дастгирии синфи миёнаи аҳолӣ иборат аст. Аз ин лиҳоз, баргузории конфронси ҷумҳуриявӣ метавонад дар татбиқи ҳадафҳои Стратегияи мазкур мусоидат намояд. Бояд гуфт, ки дар ҷамъомад ҳамчунин намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ширкат варзиданд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






