Ҷаласаи намояндагони расонаҳои хабарӣ дар Минск
Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар»). – Аз 9 то 12 декабр дар шаҳри Минск ҷаласаи намояндагони расонаҳои хабарии Аврупо ва Осиё дар мавзӯи «Равандҳои ҳамгироӣ дар фазои пасошӯравӣ ва расонаҳои нави хабарӣ» баргузор мегардад.Ин чорабинӣ бо ибтикори Агентии федералии матбуот ва коммуникатсияҳои оммавӣ ва РИА «Новости» роҳандозӣ мешавад. Дар ҷаласа беш аз 200 нафар роҳбарони васоити ахбори оммаи кишварҳои ИДМ, Балтия ва Гурҷистон иштирок менамоянд.Мавзӯи асосии ҷаласа иборат аз муҳокимаи ҳамгироии АвруОсиё хоҳад буд. Журналистон, ходимони сиёсӣ, вакилони парлумонҳо ва коршиносон дар ҷараёни ҷаласа дурнамои лоиҳаҳои ҳамгироӣ, ҳамкории ВАО ва ҷомеа, ҳамчунин сохтор ва хусусиятҳои фаъолияти расонаҳои нави хабарӣ дар фазои пасошӯравиро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






