Ҷаласаи Шӯрои ҳамгироӣ
Душанбе, 25 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 24 декабр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамгироии ҷумҳуриявӣ оид ба ҷилавгирии сӯистеъмоли маводи нашъаовар бахшида ба ҷамъбасти натиҷаи татбиқи Барномаи ягонаи мақсадноки давлатӣ ҷиҳати пешгирии нашъамандӣ ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008 – 2012 баргузор гардид. Тавре ки аз маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, муовини директори Агентӣ Бунафша Одинаева зимни суханрониаш зикр намуд, ки дар давраи татбиқи барнома дар ҷумҳурӣ тайи солҳои 2008 ва 2012 беш аз 24 тонна маводи нашъаовар аз гардиши ғайриқонунӣ бароварда шуд. Дар ҷараёни ҷаласа ҳамчунин ҳисоботи вазорату идораҳои салоҳиятдори ҷумҳурӣ дар бораи натиҷаи фаъолият ва татбиқи барнома шунида шуд. Ҳисоботи пурра дар бораи ҷамъбасти барнома моҳи январи соли 2013 ба Ҳукумати ҶТ пешниҳод мегардад. Аз рӯи натиҷаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






