Ҷамъбасти чемпионати волейбол миёни дастаҳои занона
Душанбе, 19 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз дар толори варзишии Маҷмааи варзишию тандурустии шаҳри Душанбе ҷамъбасти чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба волейбол миёни дастаҳои занона сурат мегирад.Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур аз 15 оғоз гардида, дар он бонувони варзишгар аз дастаҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва навоҳии тобеи марказ ширкат доранд.Ҳамчунин тибқи иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо мақсади тарғиби бокс байни наврасон 23- 26 декабри соли равон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд мусобиқаи анъанавии кишварии бокс миёни варзишгарони солҳои таваллуди 1995-1996 ба хотираи Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ Исмоил Ҳамзаалиев баргузор мегардад. Дар мусобиқа ширкати дастаҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҷамоҳири Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва манотиқи Кӯлобу Қурғонтеппаи вилояти Хатлон, ВМКБ, Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии тобеи марказ дар назар аст. Ғолибон ва ҷоизадорон бо медалу дипломҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






