Ҷамшед Асадов қурбони садама шуд
Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).- Дирӯз соати 15-00 ду садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо як нафар ба ҳалокат расида, як нафари дигар бо ҷароҳатҳои гунонгуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидааст. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд мошини тамғаи “Мерсеdes Benz”, таҳти идораи ронанда Сунатулло Ашӯров ҳангоми ҳаракат дар роҳи Душанбе –Чаноқ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳмой бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, ба мошини тамғаи “Оpel vectra”, ронандааш Муллопочо Пӯлодов бармехӯрад, ки дар натиҷа мусофири дохили мошини “Оpel vectra” Ҷамшед Асадов ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Дар ин бора масъули шуъбаи ташвиқоту тарғиботи Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҶТ Маҳмадшариф Шамсов иттилоъ дод.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






