Ҷараёни корҳои сохтмонию васлгарӣ дар Фархор
Фархор, 6 декабр. (АМИТ «Ховар», С.Холов).-Дар ноҳияи Фархор сохтмони ҳама гуна иншоот дар асоси талаботи қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ» ба роҳ монда шуда, то ин дам аз тарафи соҳибкорон 16 иншооти хурду калон ба истифода дода шудааст ва сохтмони 39 адад иншооти хизматрасонӣ, дорухона, бунгоҳи тиббӣ, нуқтаҳои фурӯши маводи нафтӣ, фурӯшгоҳҳои хурду калон, 130 хонаи истиқоматӣ идома дорад. Гуфта мешавад, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия аз тарафи соҳибкорон 18 иншоот мавриди истифода қарор дода шудааст, ки маблағи умумии он 8095,98 сомониро дар бар мегирад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






