Ҷашни Академияи маорифи Тоҷикистон
Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина ). – Ба ифтихори 10 – солагии Рӯзи таъсисёбии Академияи маорифи Тоҷикистон маҷлиси ботантана баргузор гардида, дар он президенти Академияи маорифи Тоҷикистон академик Ирина Каримова перомуни фаъолияти Академия дар давраи гузашта гузориш дод.Ирина Каримова зикр намуд, ки Академияи маорифи Тоҷикистон нерӯи бузурги илмӣ дошта, омӯзгорон, услубшиносон, кормандони илмӣ ва мутахассисони ниҳодҳои сохторӣ ва донишкадаҳои олии омӯзгории ҷумҳуриро дар бар мегирад.Ҳар сол дар заминаи Академия аз рӯи масоили мубрами омӯзгорӣ, усулҳои таълиму тарбия ва санҷиши сифати таҳсилот конфронс, симпозиум, мизҳои мудаввар ва семинарҳои байналмилалӣ доир мешавад. Дар анҷоми чорабинӣ як қатор кормандони Академияи маорифи Тоҷикистон барои саҳми назаррасашон дар рушди тафаккури омӯзгории ҷумҳурӣ бо Ифтихорномаҳои Вазорати маорифи ҶТ мукофотонида шуданд. Доктори илмҳои педагогӣ, профессор Саъдуллоҷон Неъматов бо унвони фахрии «Аълочии маорифи ҶТ» сарфароз гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






