Ҷашни Соли нав бо иштироки хонандагон
Душанбе, 31 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Чанде пеш дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маҳфили солинавӣ бо иштироки хонандагони мактаб — интернати № 4 – и шаҳри Душанбе баргузор гардид. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар ин маҳфил ҳозиронро муборакбод намуда, ба онҳо дар рӯзгору таҳсилашон муваффақиятҳо орзу кард. Сипас хонандагони мактаб – интернат шеърҳои солинавиро қироат намуда, дар васфи Соли нав суруд хонданд.Қобили зикр аст, ки мактаб – интернати №4 – и шаҳри Душанбе чор сол боз таҳти васояти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар фарҷоми чорабинӣ ба ҳамаи хонандагон тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим шуданд.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






