Ҷ. Султанӯғлу «Тасмимҳои Тоҷикистон дар соҳаи об қобили дастгирист»
Душанбе, 11 декабр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим). –Нимаи дуюми имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби директори минтақавии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Ҷаҳон Султанӯғлуро ба ҳузур пазируфт. Дар ин мулоқот масоили ҳамкориҳои Тоҷикистон бо СММ муҳокима гардид.
Ҷаҳон Султанӯғлу нақши Тоҷикистонро дар ҳалли мушкилоти глобалии сайёра оид ба об муҳим арзёбӣ карда, пешниҳоди Созмони Милали Муттаҳид дар бораи баргузор намудани Конфронси байналмилалӣ доир ба обро, ки дар назар аст моҳи августи соли 2013 дар Душанбе баргузор шавад, қобили дастгирӣ унвон намуд. Номбурда изҳори боварӣ кард, ки тасмимҳои нави Тоҷикистон дар самти ҳамкорӣ дар соҳаи об ҷиҳати ҳалли мушкилоти минтақа ва ҷаҳон дар бобати об саҳми сазовор хоҳанд шузошт.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






