20 намуди хизмати иҷтимоӣ дар хона
Душанбе, 18 декабр. (АМИТ “Ховар”, Заррина Саидова).- Дар радифи ислоҳоти соҳаи ҳифзи иҷтимоии мамлакат ташаккули шабакаҳои нави хизматрасонии иҷтимоӣ масъалаи муҳим мебошад. Бо ин мақсад сол то сол шумораи муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ рў ба афзоиш дорад. Чиҳати бархурдории ниёзмандон аз хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона дар миқёси ҷумҳурӣ 38 шуъбаи хизматрасонии иҷтимоии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолият дорад. Дар ноҳияи Қубодиён шабакаи нави хизматрасонӣ таъсис дода шуд. Шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона ба ниёзмандон зиёда аз 20 намуди хизмати иҷтимоӣ- маишӣ, иҷтимоӣ- равонӣ, иҷтимоӣ- тиббӣ, ҳуқуқӣ, маслиҳатӣ, намояндагӣ ва роҳнамоӣ мерасонанд. Ҳоло 638 нафар корманди шуъбаҳои мазкур ба 4775 нафар пиронсолу маъюб ва оилаҳое, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор доранд, хизмат мекунанд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






