30 млн. сомонӣ барои соҳаи тандурустӣ
Хоруғ, 19 декабр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Мувофиқи иттилои раёсати тандурустии ВМКБ соли оянда дар ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб ва Рӯшон бунёди марказу бунгоҳҳои нави саломатӣ, дар ноҳияи Дарвоз сохтмони бинои маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳоло дар шаҳри Хоруғ сохтмони беморхонаи вилоятии табобати касалии сил идома дорад. Сохтмон ва таҷҳизи он 4 миллион сомониро ташкил медиҳад. Бунёди он аз ибтидои соли 2011 оғоз ёфта, то имрӯз беш аз 60 дарсади корҳо иҷро шудаанд. Ҳоло дар шаҳри Хоруғ ба дастгирии ҳукумати кишвар ба маблағи 2,5 миллион сомонӣ бунёди ду маркази ҷумҳуриявии соҳаи тандурустӣ дар арафаи анҷомёбист. Дар маҷмуъ барои соҳаи тандурустии вилоят соли равон беш аз 30 миллион сомонӣ сарф гардид, ки нисбат ба соли 1991 – ум 700 баробар бештар аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






